Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомба дар мактаби рассомӣ. Зеленский гуфт, ҳамлаи Русияро таърих фаромуш нахоҳад кард


Фирори як мард бо кӯдакаш дар Украина.
Фирори як мард бо кӯдакаш дар Украина.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки Русия як мактаби рассомӣ дар шаҳри бандарии Мариуполро бомбаборон карданд.

Дар он мактаб, ба гуфтаи мақомот, ҳудуди 400 нафар паноҳ бурда буданд. Ҳанӯз аз захмиён ва фавтидагон хабаре нест. Аз ин пеш, дар бомбабороне театри драмавии Мариупол тахриб шуда буд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар он низомиёни “Азов” ҷойгир буданд. “Азов”, як воҳиди низомии Украина аст, ки дар Мариупол муқобили низомиёни рус меҷангад. Русия тахриби мактаби рассомиро низ “иғво” номид.

Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 20-уми март ин ҳамларо террор номид ва гуфт, ки ин ҳодиса дар таърих ҳамчун ҷинояти ҷангӣ сабт хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, муҳосираи Мариупол ва вайрон кардани он ҷинояти ҷангиест, ки асрҳо фаромуш нахоҳад шуд.

Аз оғози ҷанг дар Украина, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, 115 кӯдак фавтидаааст ва 140 кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштааст.

Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки ҳалокати 847 сокини осоиштаро ҳисоб кардааст. Ба гуфтаи ин созмон, 1399 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. СММ гуфтааст, ки омори воқеӣ метавонад бештар бошад.

Аз ҷанги Русия бо Украина 25 рӯз гузашт. Русия ҳамвора шаҳрҳои Украинаро бомбаборон мекунад, вале чанд рӯзи ахир суръати ҳаракати низомиёнаш сусттар шудааст. Ҳанӯз низомиёни рус вориди Киев, пойтахти Украина нашудаанд, ҳарчанд ҷанг дар атрофи пойтахт давом дорад.

Манобеи низомӣ мегӯянд, низомиёни рус аз дастрасӣ ба ғизо ва сӯзишворӣ танқисӣ мекашанд.

Нашрияҳои амрикоӣ навиштаанд, ки эҳтимол то ҳафт ҳазор низомии рус дар Украина кушта шудааст. Мақомоти Русия мегӯянд, даҳҳо иншооти низомии Украинаро хароб кардаанд, вале аз талафоти низомиёни худ хабар намедиҳанд.

Нашрияи "The New York Times" навиштааст, ки ҳамчунин аз 14 то 21 ҳазор низомии дигари рус захмӣ шудаанд. Ҷамъан Русия ба ҷанг алайҳи Украина то 150 ҳазор сарбозро сафарбар кардааст.

Мақомоти Русия танҳо 2-уми март гуфта буданд, ки беш аз 400 низомии ин кишвар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG