Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши суханронии Владимир Путин дар Лужники қатъ шуд


Намоиши суханронӣ ногаҳон қатъ шуд
Намоиши суханронӣ ногаҳон қатъ шуд

Телевизиони давлатии Русия Россия-24 рӯзи 18-уми март пахши суханронии раиси ҷумҳур Владимир Путинро, ки дар ҳузури издиҳоми бузурги маскавиҳо дар майдони Лужники дар Маскав идома дошт, пеш аз анҷоми он ногаҳон қатъ кард.

Владимир Путин дар назди издиҳоме суҳбат мекард, ки аксарияташон парчами Русия ва шиорҳои меҳанпарастона доштанд ва ба муносибати 8-умин солгарди ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ҷамъ омаданд. Бино ба гузоришҳо, майдонро аз ҳисоби кормандони идораҳои давлатӣ пур карда будаанд. Пеш аз қатъи суханронӣ, ки зинда пахш мешуд, Путин гуфт: “Амалиёт тасодуфан дар рӯзи таъсиси артиши беназири мо шуруъ шуд...”

Баъди қатъи сухаронии ӯ, телевизион саҳнаи сарояндагии Олег Газманов, як овозхони маъруфи Русияро намоиш дод. Маълум нест, ки чаро нашри суханронии раиси ҷумҳур қатъ шуд, вале гуфтаанд, ки мушкили фаннӣ сабаби қатъи пахш шудааст. Дар Русия, ки барномаҳои телевизионӣ бо ҳузури раиси ҷумҳур сахт назорат мешаванд, чунин иттифоқ бисёр нодир аст.

Баъди 20 дақиқа аз қатъи барнома, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, “мушкилоти фаннӣ дар сервер” сабаби қатъи пахши суханронии раиси ҷумҳур шуд. Баъди ин суханрониро аз аввалаш намоиш доданд. Владимир Путин бо истифода аз ин чорабинӣ, ҳамла ба Украинаро кори дуруст номид.

Пештар аз ин Олаф Шолтз, садри аъзами Олмон аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостааст, ки ҳамла ба Украинаро қатъ кунад ва имкон бидиҳад, буҳронро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунанду аз як фалокати башарӣ пешгирӣ намоянд.

Дафтари садри аъзами Олмон дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 18-уми март хабар дод, ки ду раҳбар дар бораи “ҷанг дар Украина ва талошҳо барои поён додан ба он” тақрибан як соат гуфтугу кардаанд. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора надодаанд, вале дар баёнияе, ки ҳукумати Русия нашр кард, омадааст, “ҷониби Русия омодаи ҷустуҷуи роҳи ҳалл бар асоси усулҳои собитшуда аст.”

Бо вуҷуди теъдоди ками сарбозон дар муқоиса ба неруҳои Русия, аз рӯзи 24-уми феврал, аз замони оғози ҳамла сарбозони Украина қотеона муқовимат мекунанд. Неруҳои Русия то кунун натавонистаанд, шаҳри Киевро, ки ҳадафи асосиашон аст, бигиранд, то тавонанд, сарнавишти ояндаи Украинаро таъйин кунанд.

Аммо барои расидан ба ин ҳадаф Русия қисматҳои зиёди Украинаро бомборон ва вайрон кард ва сабаби он шуд, ки 3 миллион нафар аз ин кишвар бигурезанд. Маълум нест, дар ҷангҳо чанд нафар ҳалок шудаанд, ҳарчанд мақомоти Украина мегӯянд, ки чанд ҳазор ғайринизомӣ ва ҳам чанд ҳазор сарбози рус кушта шудаанд.

Дафтари ҳуқуқи инсон дар Созмони Милал рӯзи 18-уми март гуфт, ки аз замони оғози ҷанг 816 ғайринизомӣ кушта ва 1333 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Созмони Милал мегӯяд, ин оморест, ки дарёфт ва тасдиқ кардааст, вале эътироф мекунад, ки талафот метавонад бештар аз ин бошад.

XS
SM
MD
LG