Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина фаъолияти ҳизбҳои ҷонибдори Русияро қатъ карданд


Виктор Медведчук, сиёсатмадори тарафдори Путин дар Украина аст.

Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина фаъолияти даҳҳо ҳизбу созмони ҷонибдори Русияро дар ин кишвар қатъ кард.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки дар шароити ҷангӣ ин ҳизбу созмонҳо ба рӯҳияи сокинон осеб мерасонанд, аз ин рӯ қарор қабул шуд, ки муваққатан фаъолияти онҳо баста шаванд.

Вячеслав Володин , вакили Думаи давлатии Русия ин қарорро "хатои навбатии Зеленский" номид. Ӯ гуфт, ки ин тасмим дар миёни ҷомеа ихтилоф меандозад.

Дар миёни ҳизбу созмонҳои басташуда ҳизби мухолифи "Барои ҳаёт" низ ҳаст. Виктор Медведчук, раҳбари он аз сиёсатмадорони украиние ҳаст, ки тарафдори Владимир Путин аст. Ӯ ҳоло дар ҳабси хонагӣ дар Киев қарор дорад.

Ҷанги Русия бо Украина рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва ҳанӯз идома дорад. Садҳо нафар кушта ва миллионҳо нафар аз тарси ҷанг кишварро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG