Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ марзбони собиқи тоҷикро ба 22 соли зиндон маҳкум кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Панҷакентро бо гуноҳи қатли як ҳамдеҳааш дар 16 соли пеш ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардааст. Додситонии кулл рӯзи 18-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки Сироҷиддин Узоқовро, ки соли 2006 дар сафи неруҳои марзбонӣ хидмат мекард, додгоҳ рӯзи 17-уми феврал дар қатли ҳамдеҳааш Норбоев Х гунаҳкор донист ва ӯро ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки Сироҷиддин Узоқов шаби 20-уми августи соли 2006 аз “ҳиссиёти авбошӣ” ба сару рӯи Норбоев бо санг зада, ӯро куштааст. Ба гуфтаи додситонӣ, марзбони собиқ ҳамон шаб ғайриқонунӣ аз сарҳади Узбекистон гузашта ва аз онҷо ба Қазоқистон рафта, зиндагӣ мекардааст.

Ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон 30-уми сентябри соли 2021 дастгир карда, барои муҳокима ба Душанбе фиристодаанд. Додситонӣ мегӯяд, додгоҳ бо назардошти Қонуни афв 2 соли зиндони Сироҷиддин Суяровро кам кардааст, вале ӯ бояд 20 сол, яъне то соли 2042 дар зиндони низомаш сахт бояд нигаҳ дошта шавад. Маълум нест, ки ӯ аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст ва ё не.

XS
SM
MD
LG