Чаҳорумин дастаи ширкаткунандаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар гурӯҳи «А», ки дар он «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, иштирок мекунад, муайян гардид.
Баъди натиҷагирии бозии плей-офф миёни дастаҳои «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Араб ва «Ал-Завраа»-и Ироқ бошгоҳи чаҳоруми иштироккунандаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дар гурӯҳи «А» маълум шуд.
Ба дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) бошгоҳи «Шарҷа» ҳамроҳ шуд, ки дар плей-офф рақибаш - «Ал-Завраа»-и Ироқро аз рӯи силсилаи пеналти шикаст дод - 6:5 (замони асосӣ - 1:1).
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд. Бозиҳо дар шаҳрҳои Ар-Риёз (гурӯҳҳои «А» и «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.
Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.
Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ).
Вохима аз кадом конун ва риояи он мегуфта и раиси мардуми...
"СПАД"-евскй бояд дар кишвари нейтрал мулокоти худро доир менамуд, то касе "афсона" нахонда, худро "сафед" накунаду ба манфиати халку давлатхои Созмон. на ба гуфти "Мактабхон" ба фоидаи гурухе кароре кабул гардад.
Сарқонунин барои шахсиятои аввали Осиёи Миёна мисли як дафтарчаи кисагие ҳаст, кӣ ҳар вақте хоҳанд онро тағйир медиҳанд, ҳар вақте хоҳанд онро куллан иваз мекунанд. Бо гузашти 30 сол аз пош хӯрдани Шӯравӣ ҳеҷ чиз тағйир накардааст дар минтақа. Иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна ҳатто ба дараҷҷаи соли 1990 баробар нашудаст. Дар минтақа фасод, бекорӣ, хешутаборбозии ҳокимон( непатизм), низоми сусти маорифу тандурустӣ, дастрас набудани замин ба деҳқонон, андозбанди зиёди соҳибкорон, фирори мағзҳо мушкилиҳои дар боло зикр намуда домангири кишварҳои Осиёи Миёна аст.
Якта Боқиршон ҳамара 30 сол боз безор кардагиай, акун навбати Боқири дуюмуш шуд.
Гурезогурез