Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Қазоқистон хост, роҳро ба равуои сокинон кушояд


Гузаргоҳи марзӣ дар сарҳади Қирғизистону Қазоқистон
Гузаргоҳи марзӣ дар сарҳади Қирғизистону Қазоқистон

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев бо сафири Қазоқистон дар шаҳри Бишкек Рапил Жошибоев мулоқот ва ҳар чи зудтар боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардааст.

"Қазоқбоев дар ин мулоқот мушкилотеро матраҳ кард, ки ба баста будани гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Қазоқистон рабт доранд. Ӯ бори дигар аз ҷониби Қазоқистон дархост намуд, ки масъалаи бозшавии гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла равуои сокинон тавассути роҳҳои заминӣ ва нақлиёт зудтар баррасӣ карда шавад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.

Дар хабари вазорат роҷеъ ба посухи сафири Қазоқистон ба ин дархости Қазоқбоев чизе гуфта нашудааст.

Шаҳрвандони Қирғизистон феълан ба Қазоқистон танҳо метавонанд тавассути ҳавопаймо сафар кунанд. Дар ҳоле ки шаҳрвандони Қазоқистон иҷозати убури марзи Қирғизистонро аз роҳи заминӣ доранд.

XS
SM
MD
LG