Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чеҳраҳои шинохта мехостанд, табаддулоти давлатӣ кунанд"


Ҷаласаи порлумони Қазоқистон, 16-уми марти 2022
Ҷаласаи порлумони Қазоқистон, 16-уми марти 2022

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 16-уми март дар паёми худ ба порлумон гуфт, баъзе аз харобкорон дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ мехостанд, дар он кишвар табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд.

"Мо навсозии сартосарии давлатро оғоз кардем, ки ба баъзеҳо писанд наомад. Онҳо хостанд, президентро аз сари қудрат дур кунанд," -- изҳор дошт президенти Қазоқистон.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни онҳое, ки мехостанд, дар Қазоқистон табаддулоти давлатӣ кунанд, чеҳраҳои маъруф низ буданд.

"Мансабдорони баландпоя ба давлат хиёнат карданд. Онҳо нагузоштанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи қонун амал кунанд. Ба ҳукумат дар бораи вазъи шаҳрҳо иттилои нодуруст доданд," -- афзуд ӯ, вале аз ҳеч кас ном набурд.

Тоқаев ҳамчунин илова кард, ки баъзе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба боздоштшудаҳо дар ҷараёни ҳаводиси моҳи январ аз шеваҳои нодуруст ва шиканҷа кор гирифтаанд.

Ӯ гуфт: "Ман баробари пайдо шудани хабарҳои нахустин дар ин бора супориш додам, ки чунин ҳолатҳо фавран санҷида шаванд."

Тоқаев ба гузариш аз як низоми ҳукуматдории "абарпрезидентӣ" ба низоме, ки ба гуфтаи ӯ, “ҷумҳурии президентӣ бо порлумони қавӣ" аст, даъват кард.

XS
SM
MD
LG