Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Украина 13,6 миллиард доллар ёрӣ мекунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Президенти Амрико Ҷо Байден қонунеро имзо кард, ки ироаи кумаки башардӯстона, иқтисодӣ ва низомиро ба Украина ба маблағи $13,6 миллиард пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи Байден, Кохи Сафед бо ин лоиҳаи қонун мехоҳад, ба амрикоиҳо паёми ҷиддӣ диҳад, ки ҷумҳурихоҳон ва демократҳо метавонанд ба ҳам омада, кореро анҷом диҳанд.

Президенти Иёлоти Муттаҳида афзуд, ки ҳамлаи Русия ба Украина ҳамаи мардумро дар Амрико муттаҳид сохт. "Ду ҳизбро дар Конгресс ва ҷаҳони озодихоҳро муттаҳид сохт, то саривақт ва қотеъона амал кунанд," -- илова кард ӯ.

Ин пул барои дастгирии нерӯҳои мусаллаҳи Украина пешбинӣ шуда, як қисми он барои кумакҳои башардӯстона ба шаҳрвандони он кишвар, бо шумули наздик ба 1,5 миллион гуреза равона хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG