Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 оиларо аз шаҳри Турсунзода ба ҷойҳои амн кӯчондаанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи боронгариҳои рӯзҳои ахир, 12 хонаводаро аз минтақаҳои осебпазири шаҳри Турсунзода ба ҷойҳои бехаф кӯчондаанд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, “кӯчонидани хонаводаҳо муваққатӣ буда, он барои наҷоти ҳаёти одамон зарур аст.”

Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, дар қитъаҳое, ки мардум аз он ҷо кӯчонида шуданд, сел омад. Дар он ҷо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён дошта, зиёни расида ҳисобу китоб мешавад. Ба гуфтаи мақомот, боронгариҳои рӯзҳои ахир дар бисёре аз минтақаҳои кишвар, хатари омадани селро зиёд кардааст.

Тибқи иттилои КҲФ, рӯзҳои 15-18-уми март ҳам дар водиҳои кишвар борони сахт ва дар баландкӯҳҳо барф меборад. Дар ин муддат раъду барқ ба амал меояд, шамоли сахт мевазад ва боридани жола ҳам аз эҳтимол дур нест. Ҳавошиносон ҳамчунин дар ин давра фаромадани сел ва фаромадани тармаҳоро пешбинӣ мекунанд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хостаанд, ки эҳтиёткор бошанд. Ҳамчунин ба ронандагон ҳушдор дода шудааст, ки аз сафарҳои нозарур ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG