Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон раиси пешини ширкати мобилии "Мегаком"-ро ҳабс карданд


Оқилбек Жамангулов.
Оқилбек Жамангулов.

Оқилбек Жамангулов, мудири пешини ширкати мобилии "Мегаком"-и Қирғизистонро то рӯзи 12-уми май ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Қарори ҳабси ӯро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 14-уми март содир кард.

Канат Ҳасанов, вакили мудофеи Жамангулов гуфт, ки ӯро дар асоси доду гирифти молии ду шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ боздошт кардаанд.

Маълум нест, зидди мудири пешини ширкати "Мегаком" кӣ шикоят кардааст. Вай рӯзи 12-уми март ба бозпурсӣ даъват ва ҳамон рӯз боздошт шуд. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки ӯро дар гирифтани пора аз сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ гумонбар мекунанд.

Жамангулов аз октябри соли 2018 то моҳи марти соли 2021 мудири ширкати "Мегаком" буд.

XS
SM
MD
LG