Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия ба нафти ин кишвар дахл надоранд


Як полоишгоҳи нафт дар Қазоқистон.
Як полоишгоҳи нафт дар Қазоқистон.

Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия ба нафти ин кишвар дахл нахоҳанд кард.

"Имрӯз ҳеч гуна таҳриме зидди нафти Қазоқистон вуҷуд надорад. Интиқоли он тавассути Русия бе монеа сурат мегирад. Дирӯз ИМА гуфт, аз нафти Русия даст мекашад, вале барои Қазоқистон пеш аз ҳама муҳим аст, ки тибқи низоми муқаррарӣ кор кунад", - изҳор дошт ӯ.

Вай афзуд, ки дар робита ба интиқоли нафти Қазоқистон тавассути Русия ҳеч гуна таҳрим ё маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Ба гуфтаи Акчулаков, ҳаҷми содироти нафти Қазоқистон дар соли равон коҳиш нахоҳад ёфт ва ин кишвар тасмим дорад, ки имсол 87,5 миллион тонна нафт содир кунад.

Вазири энержии Қазоқистон илова кард, ки дар ҳоли ҳозир гузинаҳои гуногуни масири содироти нафти он кишвар, аз ҷумла ба Чину Аврупоро баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG