Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Русия асир афтодани сарбозонашро дар Украина тасдиқ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати мудофиаи Русия тасдиқ кард, ки сарбозони навдаъватшуда дар ҷанги Украина ширкат доранд.

Бархе аз онҳо, ба тасдиқи Вазорати мудофиаи Русия, дар Украина асир шудаанд. Ин вазорат ҳамзамон мегӯяд, "қариб ҳама"-и сарбозони навдаъватшуда аз ҳудуди Украина берун оварда шудаанд.

Дар бораи он ки сарбозони навдаъватшуда дар ҷанги Русия дар Украина ширкат доранд, рӯзи чаҳоршанбе намояндаи Вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков хабар дод.

Пештар аз ин мақомоти расмии Русия, аз ҷумла президенти он кишвар Владимир Путин, ба такрор гуфтанд, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Украина танҳо афсарону сарбозони касбӣ ба таври шартномавӣ ширкат доранд.

Ба илова бори аввал аст, ки Русия асир афтодани низомиёнашро дар Украина тасдиқ мекунад. То ин замон дар Русия дар бораи асир афтодани сарбозони рус дар Украина ҳарф намезаданд. Теъдоди сарбозони асирафтода дақиқ нест.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Русия марги 498 низомии русро дар Украина тасдиқ карданд. Аммо ҷониби Украина мегӯяд, талафоти ҷонии артиши Русия ба бештар аз 12 ҳазор мерасад.

Русия 24-уми феврал ба Украина ҳамлаи низомӣ кард.

XS
SM
MD
LG