Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: аз оғози ҷанг дар Украина 516 сокини осоишта кушта шудааст


Буча, Киев. 9-уми март
Буча, Киев. 9-уми март

Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки аз оғози ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Русия ба Украина 516 сокини осоишта ҷон бохта, 908 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба огаҳии созмон, дар миёни кушташудаҳо 98 мард, 60 зан, 23 кӯдак ва зиёда аз сесад одами калонсоле ҳастаед, ки то ҳол ҷинси онҳо муайян карда нашудааст.

Бештари қурбониҳо дар вилоятҳои Луганск ва Донетск ба қайд гирифта шудаанд. Ин афрод дар натиҷаи оташкушоии техникаҳои сангини низомӣ, аз ҷумла тӯпхона, партоби мушак ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ҷон додаанд.

Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бар ин аст, ки шумори воқеии қурбониён метавонад бештар аз ин бошад, зеро аксари вақт оморҳо аз минтақаҳои даргир ботаъхир мерасанд. Маълумоти шаҳрҳои Мариупол, Изюм ва Волновахаи Украина ба ин омор шомил карда нашудаанд.

XS
SM
MD
LG