Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Русияро ба ҳамла ба шифохонаи кӯдакон гунаҳкор кард


Бемористони Мариупол пас аз ҳамлаи нерӯҳои Русия
Бемористони Мариупол пас аз ҳамлаи нерӯҳои Русия

Мақомоти Украина рӯзи 9-уми март нерӯҳои низомии Русияро ба бомбборони як шифохонаи кӯдакона дар Мариупол муттаҳам карданд.

Шӯрои шаҳрии Мариупол гуфт, бемористон вайрон шудааст, вале дар бораи теъдоди эҳтимолии қурбониён хабаре нест. Дар иттилоия гуфта шудааст, ки “нерӯҳои ишғолгари Русия ба болои бемористони кӯдакон чанд бомба партофтанд.”

Бар асоси ба тасвирҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, бино хисороти зиёд дидааст.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, дар натиҷаи бомбгузории Русия кӯдакон зери харобаҳо мондаанд. Ӯ дар Твиттер даъваташро барои эҷоди минтақаи мамнуъ бар фазои Украина бори дигар такрор кард.

"Мардум, кӯдакон дар зери харобаҳо монданд. Бераҳмист! То ба кай ҷаҳон терроризмро нодида мегирад? Худи ҳозир фазоро бандед, ба кушторҳо поён диҳед," -- навишт ӯ.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамлаи низомӣ кард. Аз он замон то кунун даргирӣ миёни нерӯҳои ду кишвар идома дорад. Аз ду ҷонибҳо ҳазор кас кушта ва беш аз ду миллион нафар аз Украина гуреза шудаанд. Кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG