Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато дар робита ба ҳаводиси моҳи январ 41 ҳукм баровардаанд


Додгоҳҳои шаҳри Алматои Қазоқистон то 5-уми март 82 парвандаи ҷиноии марбут ба ҳаводиси моҳи январро дар он кишвар ба баррасӣ гирифтаанд.

Бештари парвандаҳо бо моддаи "Ғоратгарӣ тавассути ғайриқонунӣ ворид шудан ба бинои хидматӣ" кушода шудаанд. Ба иттилои додгоҳи шаҳрии Алмато, нисбати 41 парванда ҳукм содир шудааст.

Дар бештари маврид додгоҳҳо ба муҳокимашавандаҳо аз 2 то 4 соли зиндон ҳукм содир карда, қисми дигар ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шудаанд.

"Шаҳрвандон асосан аз марказҳои тиҷорӣ техника, телефон ва ноутбук дуздидаанд. Асосан инҳо ҷавонони бекор, сокинони вилояти Алмато ва атрофи шаҳр ҳастанд", - хабар доданд аз додгоҳи шаҳрии Алмато.

Дар ҳаводиси моҳи январ ва баъди он ҳазорон сокини Қазоқистон боздошту ҳабс шуданд. Мақомот онҳоро дар терроризм, бетартибии оммавӣ, ғорати силоҳ ва дигар ҷиноятҳо гумонбар мекарданд. Бисёрии боздоштшудаҳо аз шиканҷа шудан шикоят карданд.

XS
SM
MD
LG