Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои Русия аз ҳаққи фурӯши асъори нақд ба шаҳрвандон маҳрум шуданд


Бонки марказии Русия тартиби нави муомила бо асъори нақдро ҷорӣ кард. Тартиби нав дар шароити таҳримҳои бесобиқае ҷорӣ шуд, ки кишварҳои Ғарб ба далели ҳамла ба Украина зидди Русия эълом кардаанд.

Бонкҳои Русия аз ҳаққи фурӯши асъори нақд ба шаҳрвандон маҳрум шуда, ба муштариҳояшон иҷоза медиҳанд, ки аз суратҳисобҳои бонкӣ на бештар аз 10 ҳазор доллар бигиранд. Маблағи боқимондаро бояд бо рубли русӣ дарёфт кунанд.

Ба иттилои Бонки марказии Русия, ин чораи муваққатӣ аз 9-уми март то 9-уми сентябр давом мекунад.

Дар хабари Бонки марказӣ омадааст, маблағи муштариҳо дар суратҳисобҳои бонкӣ ҳифз хоҳад шуд, аммо дастрасӣ ба онҳо ба миқдори 10 ҳазор доллар маҳдуд мегардад.

"Бонкҳо иҷоза надоранд, ки дар ин муддат ба шаҳрвандон асъори нақд фурӯшанд", - омадааст дар хабари Бонки марказии Русия. Аммо табодули асъори хориҷӣ ба рубли русӣ мушкил надорад.

Рӯзи сешанбеи 8-уми март Амрико нисбати Русия таҳримҳо нав ҷорӣ ва аз ҷумла воридоти нафтро манъ кард. Дирӯз ҳамчунин чанд ширкати бузург эълом карданд, ки фаъолияташонро дар Русия бас мекунанд.

XS
SM
MD
LG