Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Украина аз Узбекистон хост, ТВ-ҳои русиягароро бандад


Журналист Марина Козлова бо Микола Дорошенко
Журналист Марина Козлова бо Микола Дорошенко

Микола Дорошенко, сафири Украина дар Тошканд, аз Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон даъват кардааст, "шабакаҳои телевизиониеро банданд, ки дар бораи ҷанг дар Украина дурӯғпароканӣ мекунанд".

Дар ин бора сафир дар мусоҳиба бо нашрияи Yep.uz изҳори назар кард.

Марина Козлова, хабарнигори сомонаи Yep.uz гуфт, Маркази масоили расонаҳои Оҷонси иттилоот ва ахбори омми Узбекистон аз сомона талаб кардааст, ки "мусоҳиба бо сафири Украинаро пок кунад".

Маркази масоили расонаҳо гуфтааст, дар мусоҳиба гуё аксу наворе ҷо дорад, ки тарғиби хушунат мекунанд.

Микола Дорошенко, сафири Украина, дар мусоҳибааш гуфт, дар Узбекистон дар бораи фоҷиаи башарии Украина воқеиятро ба таври бояду шояд инъикос намекунанд ва афкори иҷтимоӣ тавассути расонаҳои Русия шакл мегирад. Сафир гуфт, дар ин бора ба Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон муроҷиат кардааст.

"Мо аз Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хоҳиш кардем, телевизионҳоеро банданд, ки дар бораи ҷанг дар Украина дурӯғпароканӣ мекунанд," -- гуфт Дорошенко.

XS
SM
MD
LG