Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду ҷавон ҳангоми омадани сел дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Борони сахту сел рӯзи 6-уми март дар Тоҷикистон боиси марги ду сокини 18-сола шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ду сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми чаронидани чорво зери сел монда, ба ҳалокат расидаанд.

Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон мегӯянд, боронҳои зиёд то охири ҳафта идома хоҳад кард ва метавонад, боиси фаромадани тарма ва резиши санг шавад.

Мақомот аз сокинон хостаанд, дар ин рӯзҳо эҳтиёт кунанд.

XS
SM
MD
LG