Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 6 миллион қурбонии коронавирус дар сайёра дар беш аз 2 соли пандемия


Ташхиси шушҳои нафаре, ки эҳтимолан ба COVID-19 гирифтор шудааст. Акс аз як муассисаи тибии Тоҷикистон
Ташхиси шушҳои нафаре, ки эҳтимолан ба COVID-19 гирифтор шудааст. Акс аз як муассисаи тибии Тоҷикистон

Дар оғози соли сеюми пандемияи коронавирус ҳисоб шудааст, ки беш аз 6 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз COVID-19 даргузаштанд. Бар асоси ҳисобҳои пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то 7-уми марти соли 2022 шумори мардуми даргузашта аз коронавирус дар сайёра 6 миллиону 97 нафарро ташкил додааст, ки ҳатто бештар аз шумори сокинони як шаҳри Барселона мебошад. Муҳаққиқони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд, ки мубориза бо вирус ҳамоно дар бисёр кишварҳои ҷаҳон идома дорад ва омори расмии нашршуда дар асл ниҳоӣ нест. Бо назардошти ин ки бисёр кишварҳо омори воқеии олудагӣ ба коронавирусро пинҳон кардаанд ваё вуҷуди онро рад мекунанд, омори дақиқ ду-се маротиб бештар буда метавонад.

Чунин ҳолатро хабарнигорону фаъолони ҷамъиятӣ хоси Тоҷикистон ҳам меноманд. Мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар аз замони шурӯи бақайдгирии ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус 17263 нафар бемор шуда, 124 нафар даргузаштанд. Вале бовар меравад, ки ин омори ниҳоӣ ва комил нест.

XS
SM
MD
LG