Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзо Отаҷонов, ҷавони тоҷикро дар Амрико 22 сол зиндонӣ карданд


Мирзо Отаҷонов. Акс аз бойгонӣ
Мирзо Отаҷонов. Акс аз бойгонӣ

Як зодаи Тоҷикистон дар Амрико ба 22 сол зиндон маҳкум шудааст. Мирзо Отаҷонови 32-соларо ба қатли Ҷереми Сафран, устоди бахши равоншиносии Донишгоҳи "The New School" дар Ню-Йорк, гунаҳкор донистанд. Профессори 66-сола моҳи майи соли 2018 ба қатл расид.

Додситони ноҳияи Бруклин гуфт, ҳукми Отаҷонов рӯзи 3-юми марти имсол эълон шуд. Қаблан ин зодаи Тоҷикистон дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта буд, ки "аввал профессор бо корди ҳарбӣ ҳамла кард" ва ӯ ғайричашмдошт аксуламал нишон дод.

Отаҷонов иддао дошт, ки бо супориши профессор барои таъмири қандили хонааш рафта буд. Ҷониби тафтишот исрор дорад, ки Мирзо Отаҷонов на бо даъвати профессор, балки барои дуздӣ вориди хонаи 2,2-миллиондолларии ӯ шудааст.

Эрик Гонсалес, додситони ноҳияи Бруклин, рӯзи панҷшанбе гуфтааст, Мирзо Отаҷонов "ба хонаи профессор зада даромад ва ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ӯ, бесабаб, бо корд ба қатл расонд."

"Умед дорам, ҳукми имрӯза ба дили шикастаи хонаводаи профессор як андоза тасаллӣ мебахшад. Гунаҳкор барои кирдораш ҷавоб мегӯяд," -- афзудааст ӯ.

Додситон афзудааст, Отаҷоновро нозирони пулис моҳи майи соли 2018, пас аз чанд лаҳзаи ҳодиса, аз даруни ҷевони таҳхонаи профессор пайдо карданд, ки дар даст болға доштааст. Мирзо Отаҷонов гуфтааст, барои он дар даруни ҷевон пинҳон шуда буд, ки зани профессор бо саги зоти питбулл ба ӯ ҳамла кард.

Волидони Мирзо Отаҷонови 32-сола табиб буда, соли 2013, баъд аз бурди лотореяи "Green Сard", ба Амрико кӯчидаанд. Яке аз пайвандони ин хонавода дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки ба ҷуз аз Мирзо, бародаронаш низ дар Амрико ба сар мебаранд.

Мирзо Отаҷонов яке аз донишгоҳои шаҳри Ню-Йоркро бо ихтисоси биолог хатм кардааст.

Тавре худи ӯ дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "LinkedIn" навиштааст, соли 2012 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм карда, дар яке аз бемористонҳои пойтахт ба ҳайси кардиолог низ фаъолият дошт. Расонаҳои амрикоӣ менависанд, Мирзо Отаҷонов шоҳмотбози хуб буд ва як муддат устоди шоҳмот низ будааст.

XS
SM
MD
LG