Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов муваққатан аз раҳбарии Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ канор рафт


Алишер Усмонов.
Алишер Усмонов.

Муассиси ширкати ҳолдингии USM, соҳибкори рус Алишер Усмонов, вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии шамшербозиро "то барқарор шудани адолат" мутаваққиф кардааст. Дар ин бора изҳороти ӯ дар сайти ин федератсия нашр шудааст.

Рӯзи 28-уми феврал Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Алишер Усмонов ва дигар русиягиҳои сарватмандтарин, инчунин раҳбарони ширкатҳои русиягӣ дар робита ба амалиёти низомии Русия дар Украина таҳримҳо ҷорӣ кард.

"Ман чунин қарорро ноодилона меҳисобам ва сабабҳои асоснок кардани таҳримҳо маҷмӯи иттиҳомоти бардурӯғ ва бадномкунанда мебошанд, ки шаъну шараф ва эътибори кории маро бадном мекунанд. Ман барои ҳимояи шаъну эътибори худ тамоми воситаҳои қонуниро истифода хоҳам кард”, - гуфтааст Алишер Усмонов дар изҳороти худ.

Алишер Усмонов (сарвати холис - 15,3 миллиард доллар) муассис ва саҳмдори асосии USM ҳолдинг (49 дарсад) мебошад. USM ба «Металлоинвест» ва «Мегафон» тааллуқ дорад. Дар моҳи декабри соли 2021 ҳолдинг 54 дарсади «МФ Технологии»-ро фурӯхт.

Дар Узбекистон соҳибкор сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошкандро маблағгузорӣ мекунад, лоиҳаҳоро оид ба ҳифзи мероси фарҳангии Узбекистон, аз ҷумла эҳёи меъмории модернӣ дастгирӣ менамояд.

Ширкатҳои Русия, ки бо ӯ алоқаманданд, саҳмияҳои “Капиталбонк” ва “Оҳангарансемент”-ро ба даст овардаанд.

Алишер Усмонов соли 1953 дар Узбекистон таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав (МГИМО)-ро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм карда, соли 1997 соҳиби дипломи фаъолияти бонкии Академияи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия гардидааст, номзади илмҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ӯ аз соли 2008 раҳбарии Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE)-ро ба зимма дорад ва дар солҳои 2012, 2016 ва 2020 дигарбора ба ин вазифа интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG