Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, дар ҷанги Украина 498 сарбозаш кушта шудаанд


Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард
Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард

Вазорати дифои Русия рӯзи 2-юми март ва бори аввал шумораи сарбозони кушташудаашро дар ҷанги Украина эълон кард.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷараёни ҷанге, ки Русия "амалиёти вижаи низомӣ" меномад, 498 сарбози рус кушта ва 1597 нафар захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Ситоди кулли нерӯҳои Украина талафоти артиши Русияро аз 24-уми феврали имсол то субҳи 2-юми март 5840 кас шумурдааст.

Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки 2870 сарбози ҷониби Украина кушта, тақрибан 3700 нафар маҷруҳ ва 572 нафар асир шуданд.

Маскав дар бораи шумораи сарбозони асирафтодааш дар Украина ҳарфе нагуфтааст. Ҷониби Украина шумораи онҳоро 200 нафар мегӯяд.

XS
SM
MD
LG