Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколати духтари Назарбоев пеш аз муҳлат қатъ шуд


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Маҷлиси Қазоқистон рӯзи 2-юми март ваколатҳои Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев, президенти пешини ин кишварро дар порлумон пеш аз муҳлат қатъ кард.

Раиси маҷлис Ерлан Кошанов гуфт, ба ҷонибдорӣ аз қатъ шудани ваколати Назарбоева 99 вакил раъй дода, як нафар бетарафӣ кардааст.

Қаблан худи Дариға Назарбоева эълом карда буд, ки ваколаташро дар порлумони Қазоқистон супурдааст. Назарбоева гуфта буд, ба хотири комилан машғул шудан ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ, башардӯстӣ, фарҳангӣ ва хайрия чунин тасмим гирифт.

Духтари президенти пешини Қазоқистон ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистонро "рӯйдодҳои фоҷиабор" номид ва даъват кард, ки қазия таҳқиқ шудаву "гунаҳкорон ҷазо гиранд ва бегуноҳон озод гарданд".

Баъд аз ҳаводиси моҳи январи имсол чанде аз наздикони Назарбоев аз мақомҳо ва тиҷоратҳо барканор шуданд.

Эътирозҳои Қазоқистон рӯзи 2-юми январ аввал ба далели болоравии баҳои газ шуруъ шуда, баъдан ба хушунат печид. Ба иттилои расмӣ, 227 кас кушта шудаанд, ки бештари онҳо сокинони осоишта буданд.

XS
SM
MD
LG