Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо аз қабул шудани Украина ба Иттиҳод ҷонибдорӣ кард


Порлумони Аврупо, 1-уми марти 2022
Порлумони Аврупо, 1-уми марти 2022

Порлумони Аврупо рӯзи 1-уми март даъват кард, ба Украина мавқеи давлати номзад ба шомил шудан дар Иттиҳоди Аврупо дода шавад. Бо ин вуҷуд, порлумон гуфт, бояд ҳамаи талабот риоя шавад.

Мақомоти Украина ахиран муроҷиат карданд, ки ба таври фаврӣ ба Иттиҳоди Аврупо пазируфта шаванд.

Дар қатъномаи порлумони Аврупо ҳамлаи Русия ба Украина ва нақши роҳбари Беларус Александр Лукашенко дар ин хушунат маҳкум шудааст. Порлумони Аврупо ба ёрии башардӯстона ба Украина даъват кард.

Вакилони порлумони Аврупо ҳангоми суханронии Владимир Зеленский дар як ҷаласаи порлумон кафкӯбӣ карданд. Зеленский, ки видеоӣ суҳбат мекард, гуфт, украиниҳо бо баҳои ҷони қурбониён дар ҷанги зидди хушунати Русия тавонистанд, кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро барои мадад ба Украина муттаҳид созанд.

XS
SM
MD
LG