Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден дар Конгресс гуфт, Путин товони ҳамла ба Украинаро хоҳад пардохт


Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар Конгресс. 1-уми марти 2022
Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар Конгресс. 1-уми марти 2022

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе дар суханронии солонаи худ дар Конгресси он кишвар сиёсатҳои ҳукуматашро дар баробари ҳамлаи Русия ба Украина шарҳ дод ва таъкид кард, ки президент Путин товони ин корро пас хоҳад дод.

Байден дар оғози ин суханронӣ аз аъзои Конгресс хост, ба эҳтироми мардуми Украина аз ҷо бархезанд ва гуфт, "бале, мо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар паҳлӯи мардуми Украина меистем."

Вай дар ин суханронӣ хабар дод, ки Вазорати адлияи Амрико дар ҳоли ташкили гурӯҳе барои пайгарди қонунии ҷиноятҳои олигархҳои Русия аст. Байден изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳи Иттиҳоди Аврупо киштиҳои тафреҳӣ, қасрҳои муҷаллал, ҳавопаймоҳои шахсӣ ва ҳар ончӣ олигархҳои рус аз роҳҳои номашруъ ба даст овардаанд, мусодира хоҳад кард.

Ӯ, ҳамчунин, аз тасмими ҳукумати худ барои бастани ҳарими ҳавоии Амрико ба рӯи ҳавопаймоҳои русӣ хабар дод.

Президенти Амрико аз Конгресс хост, 6,4 миллиард доллари дигар ёрии изтирорӣ дар моҳҳои оянда барои Украина ҷудо кунад. Бо ин ҳол, президенти Амрико бори дигар таъкид кард, ки кишвараш ба Украина нерӯ нахоҳад фиристод.

Раисҷумҳури Амрико сипас бо ишора ба Владимир Путин гуфт, "ӯ ҳарчанд, мумкин аст, дар майдони ҷанг ба комёбиҳое ноил шавад, аммо дар дарозмуддат товони сангине пардохт хоҳад кард."

Амрико ваъда додааст, ки ба Украина кумакҳои башарӣ ва низомӣ ироа мекунад ва манъи дастрасии баъзе бонкҳои Русия ба системаи молии "SWIFT"-ро суръат мебахшад.

Русия рӯзи 24-уми феврал аз замин, ҳаво ва баҳр ба Украина ҳамла кард. Аз ҳафт руз ба ин тараф ҷангҳои шадид дар минтақаҳои гуногуни Украина идома доранд. Ҷониби Украина мегӯяд, дар ин ҳамла садҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷон бохтаанд. Русия то кунун ба таври расмӣ шумораи сарбозони кушташудаи худро эълон накардааст.

XS
SM
MD
LG