Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи "Нур Отан", ҳизби ҳокими Қазоқистонро иваз мекунанд


Раиси палатаи поёнии порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов пешниҳод кард, ки номи Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и ин кишвар ба "Амонат" иваз карда шавад.

"Ҳизби мо дар маркази тағйироте қарор дорад, ки дар кишвар анҷом дода мешавад. Агар ошкоро гӯем, дар ҳизб низ бояд навсозӣ сурат бигирад. Барои бо мазмуни нав пур кардани фаъолияти созмон бояд тағйироти зарурӣ ворид карда шавад. Бинобар ин, тағйири номи ҳизбро муносиб мешуморем. Ба назари мо, номи ҳизби ҳокими Қазоқистон бояд "Амонат" бошад", - изҳор доштааст Кошанов.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ кардааст.

"Калимаи "амонат" маънои васияти аҷдодон, васият ба насли ояндаро дорад. "Амонат" мафҳуми амиқеро дорост, ки дар таърих ва фарҳанги халқи мо рамзи хос дорад", - афзудааст Тоқаев.

Ҳизби ҳокими Қазоқистон "Нур Отан" (Нури ватан) соли 1999 бо ташаббуси президенти собиқи ин кишвар Нурсултон Назарбоев таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG