Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саробони оила дар "Роғун" ҳалок шуд, зану духтаронаш ҷуброн мехоҳанд. ВИДЕО


Зулайхо Алимаҳмадова мегӯяд, шавҳараш даҳ сол пеш дар маҳалли сохтмони "Роғун" ҳалок шудааст

Як зани тоҷик, ки шавҳарашро дар ҳодисаи нохуш дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз даст додааст, мегӯяд, чанд сол боз наметавонад аз ширкатии эронии "Собир" ҷуброни молӣ бигирад. Ин ширкат дар бахше аз бунёди нерӯгоҳ саҳм дошт. Зулайхо Алимаҳмадова даҳ сол боз саробонии панҷ фарзандро ба дӯш дорад. Намояндаи собиқи ширкат гуфт, ба зан ва кӯдаконаш маблағ дода буданд.

Чӣ шуд?

Довуд Саидов, шавҳари Зулайхо Алимаҳмадова, дар ширкати эронии "Собир" ба сифати таркишгар кор мекард. Ӯ соли 2012 дар маҳалли сохтмон аз зарбаи санг бар сараш фавтидааст.

Зулайхо Алимаҳмадова, модари панҷ фарзанд, рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ширкатро муваззаф карда буд, то 18-сола шудани панҷ духтараш ба ҳар кадоме онҳо ҳар моҳ 300 сомонӣ бидиҳад, вале ширкат чаҳор сол мешавад чизе надодааст.

"То соли 2018 ба ман ёрӣ мекарданд. Ҳар моҳ 1500 сомонӣ мегирифтам. Аз нимаи дуюми соли 2018 то имрӯз пули кӯдакҳоро ба ман надодаанд," – шикоят кард Зулайхо Алимаҳмадова.

Довуд Саидов. Акс аз бойгонии хонавода
Довуд Саидов. Акс аз бойгонии хонавода

Аз панҷ духтараш се нафари онҳо ҳанӯз 18-сола нашудаанд ва бар асоси қонун корфамо бояд нафақаи пешбинишудаи фарзандони ӯро бидиҳад. Як намояндаи собиқи ширкати “Собир”, ки аз қазияи фавти шавҳари Зулайхо Алимаҳмадова огаҳӣ дорад, бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Зулайхо ба ҷуз аз нафақаи кӯдакон маблағи муайяне дода буданд.

“Масъулон нестанд, техникаҳо истодаанд”

"Ширкат чанд сол пеш дар нерӯгоҳи “Роғун” корро қатъ кардааст. Масъулонаш нестанд, вале теъдоде аз техникаву таҷҳизоти кориаш дар маҳалли кор аст. Агар масъулони ширкат дубора ба “Роғун” баргарданд, эҳтимол масъалаи пардохти нафақаи кӯдакони зан ҳал шавад," – афзуд ӯ.

Зулайхо Алимаҳмадова мегӯяд, борҳо талош намуд, ки бо масъулони ширкат дар тамос шавад, вале чанде аз ҳамкорони тоҷикистонии ширкат ба ӯ гуфтаанд, “Собир” корро дар "Роғун" бас карда, ҳама масъулонаш ба Эрон рафтаанд.

Ӯ барои талаби ҳаққи фарзандонаш ба сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ муроҷиат карда, вале посухи дақиқ нагирифтааст. Мегӯяд, дар сафорат ба ӯ гуфтаанд, ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунад. "Як моҳ пеш ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нома фиристодам. Гуфтанд, дар муддати як моҳ ҷавобаш меояд, ҳоло наомадааст," – афзуд ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Саробони оила дар Роғун ҳалок шуд, ҷуброн мехоҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Ин зан ва панҷ духтараш дар як ҳавлии иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва ҳар моҳ 600 сомонӣ мепардозанд. Дар ин ҳавлӣ ҳамроҳ бо оилаи Зулайхо се хонаводаи дигар зиндагӣ доранд ва ба онҳо то 10-уми март муҳлат додаанд, ки хонаро холӣ кунанд.

Зулайхо Алимаҳмадова мегӯяд, кори доимӣ надорад ва гоҳе ба тамизкорӣ ба хонаи мардум ва гоҳе ба табақшӯӣ ба ошхонаҳо даъват мешавад.

Ҳуқудон: Ҳақ доранд, ба додгоҳ шикоят кунанд

Далер Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик, рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин зан бар асоси қонун ҳақ дорад, ширкати эрониро ба додгоҳ бикашад. Додгоҳ судиҷрочиёнро вазифадор мекунад, то аз ҳисоби фурӯши техникаву таҷҳизоти ширкат маблағи пардохтнашударо бидиҳанд.”

Шикоятҳо аз ҳодисаҳои нохуш дар маҳалли кор ва напардохтани ҷуброни молӣ аз сӯи ширкатҳо дар гузашта низ садо додааст. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар нимсолаи дуюми соли гузашта 20 ҳодисаи нохуш дар маҳалли сохтмонҳо сабт шудааст, ки дар натиҷа 13 нафар ҷон бохта, 8 кас захмӣ шудаанд.

Мақомот ҳодисаҳои нохушро гоҳе ба бемасъулиятии муҳандисон ва бепарвоии сокинону коргарон рабт медиҳанд. Наздикони ҷабрдидаҳо ба ин назаранд, ки аслан бетаваҷҷуҳии роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва чашмпӯшии мақомот ба камбудҳо боис ба сар задани чунин ҳодисаҳо шудааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG