Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагони бандмондаи қазоқ дар Украина мадад хостанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

50 ронандаи мошинҳои боркаш аз Қазоқистон, ки дар Украина дармондаанд, аз ҳукумати кишвари худ дархости ёрӣ карданд. Ин ронандаҳо ҳоло дар шаҳри Киеви Украина ва ноҳияҳои атрофи он қарор доранд.

Ронандаи мошини боркаш Олег Броммер аз шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон, ки пеш аз ҳамлаи Русия барои овардани маҳсулоти қаннодӣ ба Киев рафтааст, мегӯяд, ҳоло дар 30-километрии пойтахти Украина қарор дорад ва ҳамроҳи ӯ чанд ронандаи дигари қазоқ низ ҳастанд.

"Чанд рӯз мешавад, ки бо нашри муроҷиатномаҳои видеоӣ аз ниҳодҳои дахлдор дархости кумак мекунем, вале ҳеч вокунише нест. Зоҳиран, ҳукумати Қазоқистон моро фаромӯш кардааст", - гуфт Броммер.

Дастикам, танҳо аз Оқтеппаи Қазоқистон 11 мошини боркаш дар маҳалли задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Украина қарор доранд.

Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон дар посух ба дархости ширкатҳое, ки ҳоло мошинҳояшон дар Украина дармондаанд, гуфтааст, ҳукумати ин кишвар аз қазияи ронандагон огаҳ аст. Дар палата изҳори умед кардаанд, ки Қазоқистон барои ташкили "долони сабз" бо ҷониби Украина ва марзбонҳои он ба созиш хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG