Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футболи Русия аз ширкат дар мусобиқоти байнулмилалӣ маҳрум шуд


ФИФА ва УЕФА бошгоҳҳо ва мунтахаби Русияро аз ширкат дар ҳама гуна мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд. Ба ин тартиб, тими миллии Русия дар даври плей-оффи мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бозӣ намекунад ва мувофиқан аз қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар маҳрум хоҳад шуд, хабар медиҳад championat.com.

"Пас аз қарорҳои ибтидоии Шӯрои ФИФА ва Кумитаи иҷроияи УЕФА, ки андешидани чораҳои иловагиро пешбинӣ кардааст, имрӯз сохторҳо қарори муштарак қабул карданд, ки ҳама дастаҳои Русия, хоҳ тимҳои миллӣ ё бошгоҳҳо, аз ширкат дар мусобиқаҳо таҳти сарпарастии ФИФА ва УЕФА маҳрум карда мешаванд. Футбол бо тамоми қурбониён дар Украина ҳамбастагии комил дорад ва дар атрофи ғаму андӯҳи умум муттаҳид шудааст. Кормандони футбол умедворанд, ки вазъ дар Украина дар муддати кӯтоҳ ба таври қобили мулоҳиза беҳтар хоҳад шуд, то футбол дубора ба омили ваҳдат ва сулҳи байни мардум табдил ёбад”, - гуфта мешавад дар изҳороти муштараки созмонҳои футбол.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш ФИФА тасмим гирифта буд, ки бар асоси он тими мунтахаби Русия метавонад дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти унвони "мунтахаби РФС" ва ҳамчунин бидуни парчам ва суруд ширкат кунад. Аммо ин тасмим ҷомеаи футболро ба хашм овард, ки дар робита ба ин ФИФА мавқеашро бознигарӣ кард.

Қаблан тимҳои миллии Лаҳистон, Шведсия, Ҷумҳурии Чех, Албания, Ирландия, Швейтсария ва Англия аз худдорӣ аз бозӣ бо тими миллии Русия дар даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 хабар дода буданд.

Дастаи мунтахаби Русия мебоист дар даври ниманиҳоии плей-офф бо Лаҳистон рақобат мекард. Ғолиби ин ҷуфт бояд дар даври ниҳоӣ бо тими миллии Шведсия ё мунтахаби Ҷумҳурии Чех рӯбарӯ мешуд.

XS
SM
MD
LG