Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский хост, Украинаро фавран ба узвияти ИА қабул кунанд


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 28-уми феврал хост, кишварашро ҳарчӣ зудтар ба узвияти Иттиҳоди Аврупо бипазиранд. Ин хост пас аз он матраҳ шуд, ки ҳамлаи низомии Русия ба Украина панҷ рӯз боз идома дорад.

Зеленский дар паёми видеоӣ гуфт, ин як хости одилона аст ва мутмаинан Украина шоистаи он мебошад.

Вай афзуд, сарбозони украинӣ дар ҳоли ҳозир на танҳо барои дифоъ аз кишварашон, балки барои ҳимоят аз ҳамаи Аврупо дар майдони набард ҳастанд. Зеленский аз сарбозони Русия хост, силоҳи худро ба замин бигузоранду аз кишвараш бираванд.

Ӯ иддао кард, ки дар панҷ рӯз беш аз 4500 сарбози Русия кушта шудаанд. Ин рақамҳо то ҳануз аз сӯи ҳеч манбаи мустақил тасдиқ нашудааст. Русия иқрор шуд, ки чанде аз сарбозонаш кушта ва захмӣ шудаанд, вале ҳеч омореро ошкор накард.

XS
SM
MD
LG