Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба Украина ҳавопаймоҳои низомӣ медиҳад


Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баъди дархости Киев барои муқобала бо ҳамлаҳои Русия ба Украина ҳавопаймоҳои ҷангӣ интиқол медиҳанд.

Дар ин бора роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел рӯзи 27 феврал хабар дода, гуфт, Брюссел омодааст, Украинаро бо абзорҳои ҷиддии ҳарбӣ таъмин кунад.

Ба гуфтаи Боррел, Русия пас аз оғози ҳамлаи 24 феврал кишварҳоеро, ки аз Украина ҳимоят мекунанд, ошкоро таҳдид ба ҳамлаи ҳастаӣ кард.

Президенти Русия Владимир Путин қаблан дар як паёми телевизионияш аз низомиёни Украина хоста буд, халъи силоҳ шаванд ва ҳамчунин дар хитоб ба кишварҳое, ки мехоҳанд, ба вазъ дахолат кунанд, гуфт, "онҳое кушиши дахолат мекунанд, бояд донанд, посухи Русия таъхирнопазир ва оқибатҳояш тавре хоҳад буд, ки дар таърихатон рӯбарӯ нашудаед".

Боррел дар шарҳи ин суханҳои президенти Русия гуфт, инҷо сухан дақиқан аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ меравад, вале он Иттиҳоди Аврупоро аз кумак ба Украина боз намедорад.

XS
SM
MD
LG