Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо кас дар Русия, барои "не" гуфтан ба ҷанг дар Украина


Боздошти яке аз эътирозгарон. Шаҳри Санкт-Петербург, 27-уми феврали 2022
Боздошти яке аз эътирозгарон. Шаҳри Санкт-Петербург, 27-уми феврали 2022

Сокинони чанд минтақаи Русия, бо шумули Маскав, Санкт-Петербург ва Самара, рӯзи 27-уми феврал дигарбора ба муқобили ҳамлаи Русия ба Украина ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба иттилои ОВД-Инфо, пулис рӯзи якшанбе дар 45 шаҳру минтақа беш аз 1400 касро барои иштирок дар тазоҳуроти зидди ҷанг дар Украина дастгир кардааст.

Эътирозҳо ба зидди ҳамлаи Русия ба Украина чаҳор рӯз боз идома доранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз 24 то 26-уми феврал зиёда аз 3 ҳазор сокини Русия барои эътироз ба зидди ҳамла ба Украина боздошт шудаанд

XS
SM
MD
LG