Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷикро дар бораи баробарии ҷинсиятӣ огоҳ карданд


Акс аз дафтари матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
Акс аз дафтари матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои созмонҳои ҷамъиятиву ҷавонон дар минтақаҳои Суғд ва Хатлон дар мавзӯи баробарии ҷинсиятӣ як силсила давраҳои омӯзишӣ барпо шуд. Дафтари тоҷикистонии Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки ташаббускори ин барнома аст, дар хабарномааш рӯзи 25-уми феврал гуфт, ин давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби барномаи “Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ии ин ниҳод ва Агентии Рушди Австрия маблағгузорӣ шудааст. Лоиҳае бо номи "ProYouth - Созмонҳои устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушорикати бисёрҷониба ба хотири ҷавонони фаъол ва муваффақи Тоҷикистон" тахминан 200 ҷавони фаъолро дар ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус, Норак, Бохтар, Деваштич, Спетамен, Ашт ва Исфара фаро гирифтааст. ИА мегӯяд, “Давраҳои омузишии дурӯза барои 24 ширкаткунанда дар ҳар ноҳия барои таҳкими зарфиятсозии намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва лидерони ҷавон ҷиҳати татбиқи стандартҳо ва усулҳои баробарии ҷинсиятӣ дар созмонҳо ва ҷомеаҳои худ, ҳамчунин барои амалӣ намудани фаъолиятҳое, ки ҷиҳати роҳандозии баробарии ҷинсиятӣ мусоидат мекунанд, тарроҳӣ шудаанд”.

Ин барнома, ба қавли ташаббускоронаш, ба хотири боло бурдани огаҳии ҷавонон аз ҳуқуқи инсон ва мубориза бо табъйизи ҷинсият ба роҳ монда шудааст.

Тоҷикистон дар чаҳорчӯби стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ бо Аврупо ҳамкорӣ мекунад. Стратегияи ҳафтсолаи ҷорие, ки моҳи июни соли 2019 дар Люксембург имзо шуд, роҳандозии ҳамкориҳои наздики ИА бо кишварҳои минтақа дар масоили мисли ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқи башар, кӯмак дар рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳо, мустақилияти додгоҳӣ ва тақвияти иқтисоди бозаргониро дар назар аст. Дар матни стратегияи ИА барои ОМ гуфта шудааст, ки мизони кӯмакҳои ИА ба Тоҷикистон солона аз 20 миллион еврои оғози солҳои 2000-ум то 33 миллион евро дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. ИА дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 227 миллион евро кӯмак кардааст. Яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи ИА дар Тоҷикистон риоя шудани ҳуқуқи башар мебошад.

XS
SM
MD
LG