Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матвиенко гуфтааст, “эътирофи истиқлолияти Луҳанску Донетск кори худи кишварҳо аст” 


Мулоқоти Матвиенко ва Раҳмон рӯзи 25-уми феврал дар Душанбе барпо шуд. Манбаи акс: president.tj

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия – палатаи болоии парлумони  Русия гуфт, “ҳар кишвар худаш интихоб мекунад, ки  истиқлолияти ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луҳанскро ба расмият шиносад."

Ин изҳорот рӯзи 25 феврал дар Душанбе дар посух ба суоли хабарнигори оҷонсии расмии Русия - ТАСС садо додааст, ки пурсидааст: оё Матвиенко дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эътирофи ин ҷумҳуриҳои худхондаро баррасӣ кардааст ё на?
Русия 23 феврал минтақаҳои ҷудоихоҳи Украинаро ҳамчун давлатҳои мустақил расман шинохт ва ҳампаймонҳои худро дар вазъе гузошт, ки бояд Маскавро ҳамроҳӣ кунанд ё сукут варзанд. То ҳол ҳеч яке аз кишварҳои пасошӯравӣ истиқлоли давлатии ду минтақаи Украинаро эътироф накардааст. Ин эътироф аз тарафи Русия ба оғози ҳамлаи он ба Украина замина гузошт.

Матвиенко ҳамчунин гуфт, кишвараш зарур намешуморад, давлатҳои дигарро ба эътирофи ин минтақаҳо мойил гардонад, вале афзуд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро “аз таҳаввулоти атрофи Украина огоҳ кард”. Маълум нест, вокуниши президент ва дигар мақомоти тоҷик ба ин гуфтаҳо чӣ будааст.

Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кард?

Вебсайти президенти Тоҷикистон дар нашри хабаре оид ба мулоқоти Матвиенко ва Раҳмон бидуни зикри исми кишвари Украина мухтасар гуфтааст, ки "ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт".

Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатдаморон ва порлумони Тоҷикистон ба рӯйдодҳои ахири Украина вокунише нишон надодаанд. Танҳо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муҳоҷирони тоҷик дар Украина муроҷиат кард, ки аз эҳтиёт кор гиранд.

Рӯзи 24-уми феврал артиши Русия ба хоки Украина ҳамла кард. Шаҳрҳои гуногуни Украина дар 24 соати гузашта ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи Русия аз замин, ҳаво ва баҳр қарор гирифтааст. Кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

Бисёр раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва Аврупову Ховари Миёна ҳамлаи низомии Русия ба Украинаро маҳкум карданд, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо гузашти беш аз 24 соат аз ин ҳодисаҳо ҳеҷ вокуниш ё изҳороте нашр нашудааст. Вебсайти хабаргузории расмии “Ховар” ҳам бо чанд хабари расмӣ, аз ҷумла, дастури Путин ба “амалиёти низомӣ дар Донбасс” ва муроҷиати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба тоҷикистониён дар Украина иктифо кардааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 24 феврал даъвати Дабири кулли СММ Антониу Геттерешро нашр кард, ки ҳамлаи Русияро маҳкум мекунад. Вале пас аз чанд соат хабаргузорӣ ин иттилоъро аз сомонаи худ пок кард.

Вокунишҳои дигар

Вале корбарони тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украинаро бештар аз ду зовия баррасӣ мекунанд. Садои мухолифони ин ҷангу маҳкумияти амалҳои Кремлин дар баробари тарафдорони он баланд садо медиҳад. Дар миёни онҳое, ки ин ҷангро ошкоро маҳкум кардаанд, бархе чеҳраҳои ҷамъиятӣ ҳам ба чашм мерасанд.

Дар миёни давлатдорони Осиёи Марказӣ ҳам вокуниш ба ҳодисаҳои Украина хеле заъиф аст. Дирӯз раиси сенати Қазоқистон Маулен Ашимбоев ба саволи хабарнигорон дар бораи таҳаввулоти атрофи Украина ин ҳодисаҳоро “амалиёти низомӣ” номид, онгуна, ки мақомот дар Кремлин мегӯянд, дар ҳоле, ки бисёриҳо ҳуҷуми Русияро “шурӯи ҷанг алайҳи Украина” номидаанд.

Ашимбоев ба суоли журналистон дар бораи эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба низоъ бо Украина посухи рад дод ва гуфт, ки "Маскав бо чунин дархосте муроҷиат намекунад", чун, ба гуфтааш, оинномаи ин созмони низомӣ дигар аст. Ин пурсиш, зоҳиран, бо ишора ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон буд, ки ошӯб ва беназмиҳои рухдода дар паи эътирозҳои мардумиро аз роҳи ворид кардани нирӯҳои СПАД ҳал карданд.

Бархе хабарнигорону коршиносон мегӯянд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз сангари тарафдорону муттафиқони президенти Путин – як ҳомии низомҳои худкомаи ғайридемократӣ мебошад, ҳеҷ гоҳ ба таври ошкор амалҳои Маскавро алайҳи Украина маҳкум намекунанд. Ҳарчанд, ба қавли таҳлилгарон, аксари онҳо бо иқдомҳои ӯ розӣ буда наметавонанд, чунки айни чунин таҳдидро ба тамомияти арзиву истиқлолити худ ҳам аз ҷониби Маскав эҳсос мекунанд.

Дар ҳодисаҳои гузаштаи мисли эълони истиқлолияти Абхозистону Осетияи Ҷанубии Гурҷистон ваё ишғоли нимҷазираи украинии Қрим ҳам кишварҳои мисли Тоҷикистон ҳарчанд изҳороте нашр накарданд, вале истиқлолияти минтақаҳои ҷудоиталабро ҳам ба расмият нашинохтанд.

Баъди таҳримҳо мақомҳои Русия ба сӯи ОМ шитофтанд?

Рӯзи 25-уми феврал ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва Қазоқистон мизбони ду мақоми баландпояи ҳукумати Русия буданд, ки иқтисод яке аз мавзӯъҳои калидии ин сӯҳбатҳо будааст. Дар Душанбе Матвиенко дар ҷараёни Форуми иқтисодӣ аз рушди додугирифтҳои тиҷоратии байни Тоҷикистону Русия ситоиш карда гуфтааст, ки соли 2021 мизони додугирифтҳои тиҷоратии байни ду кишвар 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки, ба гуфтааш, «45 дарсад бештар назар ба давраи то пандемия мебошад». Ӯ ба зарфиятҳои бештари ин ҳамкориҳо ишора кардааст.

Ҳамзамон дар Қазоқистон президент Қосимҷомарт Тоқаев нахуствазири Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфт. Тафсилоти сӯҳбатҳои ин ду мақом, ки аз ҷумла, ҳуҷуми Русия ба Украинаро ҳам дахл кардааст, дар сайти Тоқаев чоп шуд. Мақомот гуфтанд, роҳҳои ҳифзи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар пасманзари таҳримҳои ҷоришудаи Ғарб болои Русияро баррасӣ карданд. “Талошҳои муштарак барои пешгирӣ аз коҳиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар пасманзари тағйироти вазъ дар Украина ва таҳримҳои байналмилалии таҳмилшуда болои Русия”-ро баррасӣ карданд.

Зимнан, бино ба иттилои расмӣ, Мишустин бо ҳадафи ширкат дар кори Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва аз рӯи нақшаи аз пеш тарҳрезишуда ба шаҳри Нурсултон рафтааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG