Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур - рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз, 24-уми феврал, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шуд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шакли мутамарказ дар як давра рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июни соли равон дар Бишкек барпо мегарданд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойи дувум қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи «А»: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «С»: Узбекистон (мизбон), Тайланд, Молдив, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур.

Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

8 июн (чоршанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Қирғизистон – Сингапур

Даври 2-юм

11 июн (шанбе)

Сингапур – Тоҷикистон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 3-юм

14 июн (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Сингапур

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8-ум то 14-уми июни имсол дар шакли мутамарказ баргузор мешавад, мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт омода мекунад. Ӯ, ки дар Хорватия ба дунё омадааст, аз хурдӣ дар Олмон ба сар мебарад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ карда, инчунин фаъолияти мураббигии худро оғоз намудааст.

Петр Сегрт тими миллии Афғонистонро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ сармураббии тими миллии Молдив буд ва бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.

XS
SM
MD
LG