Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо гуфт, алайҳи Русия "таҳримҳои сахттарин" ҷорӣ мекунад


Урсула вон дер Лейен
Урсула вон дер Лейен

Раиси Кумисюни Аврупо, Урсула вон дер Лейен, гуфт, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 24-уми феврал дар нишасте изтирорӣ ба "ҳамлаи ваҳшиёна"-и Русия ба Украина посух хоҳанд дод.

Вай гуфт, дар нишаст эъмол (ҷорӣ кардан)-и таҳримҳои наву азим ба зидди Русия баррасӣ мешавад. "Мо президент [Владимир] Путинро барои ин кор ҷавобгар хоҳем кард," -- гуфт Урсула вон дер Лейен.

"Бо ин бастаи таҳримҳо, бахшҳои стратегии иқтисоди Русияро, тавассути ҷилавгирӣ аз дастрасии онҳо ба технологияҳо ва бозорҳои калидӣ, ҳадаф қарор медиҳем. Мо пояҳои иқтисоди Русия ва тавоноии навсозии онро заиф хоҳем кард," – илова кард ӯ.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, гуфт, Иттиҳод бастаи сахттарини таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG