Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский роҳбарони ғарбиро ба таъсиси эътилофи зидди Путин даъват кард


Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж
Владимир Зеленский ва Владимир Путин. Коллаж

Владимир Зеленский, президенти Украина, дар робита ба ҳамлаи Русия ба Украина, роҳбарони кишварҳои ғарбиро ба таъсиси эътилофи зидди Путин даъват кард.

Зеленский тавассути Твиттер ба президенти Амрико Ҷо Байден, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва роҳбарони дигари ғарбӣ муроҷиат ва ба манъи фаврии Путин даъват кард.

"Ба манъи фаврии Путин, ҷанги зидди Украина ва дунё даъват мекунам. Эътилофи зидди Путинро месозем. Таҳримҳои фаврӣ, кумаки низомиву молӣ ба Украина. Бастани фазои ҳавоӣ. Дунё бояд Русияро ба сулҳ водорад," – навишт Зеленский.

Пештар дар робита ба оғози амалиёти низомии Русия дар Украина Ҷо Байден, Борис Ҷонсон ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳорот доданд. Байден гуфт, "танҳо Русия масъули харобкорӣ хоҳад буд", ки ба Украина ҳамла кардааст.

Борис Ҷонсон зикр кард, ки Путин "роҳи хунрезӣ ва вайронсозиро интихоб кардааст". Ҷонсон ҳамзамон ваъда кард, ки Бритониё ва ҳампаймононаш посухи қатъӣ хоҳанд дод. Столтенберг аз Русия хост, "ҳамлаи бехирадона ва бебаҳона"-ро фавран қатъ кунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи 24-уми феврал фармони «амалиёти низомии вижа» дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он содир шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия мадади низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлол"-и ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск Луганскро эълон карда буд. Чизе, ки Киев ва Ғарб бо он розӣ нестанд ва маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG