Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Украина дар кишвараш вазъияти ҷангӣ эълон кард


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина. Киев, 23 феврали соли 2022
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина. Киев, 23 феврали соли 2022

Бо баланд шудани садои таркиши мушакҳои Русия дар чанде аз шаҳрҳои Украина раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дар кишвараш вазъи ҷангӣ эълон кард.

Пештар аз ин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, эълон кард, ки ба "амалиёти махсуси ҷангӣ" дар Украина оғоз мекунад, ки нигарониро аз оғози ҷанги васеъ дар Аврупо барангехт.

Владимир Зеленский гуфт, ки бо Ҷо Байден бо раиси ҷумҳури Амрико суҳбати телефонӣ доштааст ва афзуд, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбони Украина зарба задааст".

Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки "дар хонаҳояҳошон бимонанду ва наҳаросанд." Владимир Зеленский афзуд, "тамоми арсаи амният ва дифоии Украина” кор мекунанд ва "мо омодаи ҳама чиз ҳастем".

Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.

XS
SM
MD
LG