Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ як қисми кормандонашро аз Украина мебарорад


UKRAINE – Map of Ukraine with the central city in the regions
UKRAINE – Map of Ukraine with the central city in the regions

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар пасманзари афзоиши хатари ҳамлаи густардаи Русия як қисми кормандони худро ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз Украина мебарорад. Сухангӯи СММ Алессандра Велуччӣ 22 феврал гуфт, созмон бо ин вуҷуд корашро дар Украина, аз ҷумла дар минтақаҳои шарқии он фаъолона идома медиҳад.

"Мо фаъолияти худро бо тамоми неру идома медиҳем", - афзуд ӯ. Аммо ба гуфтаи Велуччи, созмон бо назардошти вазъ ба як қисми кормандонаш иҷозат додааст, ки ҳамроҳи хонаводаҳояшон муваққатан Украинаро тарк кунанд.

Ба иттилои сухангӯи СММ, дар Украина ҳудуди 1,5 ҳазор нафар дар ин созмон кор мекунанд. Ҳудуди сад нафари онҳо дар минтақаҳои таҳти идораи ҷудоихоҳон фаъолият доранд.

Президенти Русия Владимир Путин шаби 21-уми феврал дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард.

Путин дертар дастур дод, ки нерӯҳои ин кишвар ба минтақаҳои ҷудоиталаб дар шарқи Украина дохил шаванд. Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ тасмими Маскавро ба шиддат маҳкум карда, ваъда додаанд, ки таҳримҳои сахтеро алайҳи Русия ҷорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG