Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бо $745 000 ба нерӯҳои ОМОН дар Ромит маркази таълимӣ сохт


Сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм ва мувоини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода
Сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм ва мувоини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода

Сафорати Амрико дар Душанбе ба сохтмони як иншоот барои Маркази таълимии нерӯҳои ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 745 ҳазор доллар кумак кардааст.

Тибқи иттиллои сафорати Амрико дар Душанбе, дар маросими супоридани ин бино, ки 22-юми феврал баргузор шуд, сафир Ҷон Марк Поммершайм ва мувоини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода ҳузур доштанд.

Манбаъ мегӯяд, бино дуошёна буда, аз ҳуҷраҳо, синфхонаҳо ва манзилҳои муваққатӣ иборат аст. Он дар минтақаи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат бунёд шудааст.

Моҳи июли соли гузашта низ дар чаҳорчӯби Барномаи фармондеҳии марказии Амрико барои мубориза бо маводи мухаддир, постгоҳи марзии Тахти Сангин бо маблағи 570 ҳазор доллар таъмир шуда буд. Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, дар посгоҳи марзии "Даркад"-и вилояти Хатлон низ як тарҳи бозсозӣ оғоз шудаст, ки дар давоми як сол анҷом хоҳад ёфт.

Тарҳи маркази таълимӣ аз сӯи Барномаи Фармондеҳии марказии Амрико оид ба мубориза бо маводи мухаддир маблағгузорӣ шуда, тавассути Бахши ҳамкориҳои низомии сафорати ИМА амалӣ карда шуд.

Дар 15 соли охир дар чаҳорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон беш аз 155 миллион доллар ёрӣ пешниҳод шудааст. Ин кумакҳо аз нақлиёт, таҷҳизот ва бозсозӣ ё бунёди посгоҳҳои сершумори марзӣ иборат аст. Амрико аз соли 1992 то кунун ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар ёрӣ расондааст.

XS
SM
MD
LG