Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти яке аз захмиёни таркиш дар Қубодиён. ВИДЕО


Таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён
Таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён

Яке аз захмиёни таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён дар бемористон даргузаштааст. Манобеъ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Холиёр Нурматов 41 сол дошт.

Таркиш ва сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён 21-уми феврал рӯй дод. Бар асари он чаҳордаҳ кас маҷруҳ шуданд, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд. Вазъи ду нафари онҳо “вазнин” гуфта мешавад.

Номи 13 захмии дигари ҳодиса:

  • Фахриддин Тағоймуродов – 22-сола;
  • Парвина Зокирова – 22-сола;
  • Валиҷон Менглиев – 22-сола;
  • Раҷаб Маллаев – 24-сола;
  • Ҷамшед Тилабов – 25-сола;
  • Илҳом Умаров – 27-сола;
  • Тоҳир Исмоилзода – 30-сола;
  • Марҷона Бекназарова – 36-сола;
  • Хуршед Эргашев – 39-сола;
  • Дарина – 39-сола;
  • Ботир Тағоймуродов – 57-сола;
  • Муҳаррам Ҷӯравева – 59-сола;
  • Тоҳир Бердимуродов –64-сола.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса "дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ" дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Ориё нефт" сар задааст. "7 мошини сабукрав зарар дида, 2 чорвои калон талаф ёфтанд," – гуфта шудааст дар эъломияи ВКД.

Рустам Қарахонов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Қубодиён, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест." Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки "сабаб, гунаҳкор ва зарар муайян карда мешавад."

Наворро дар инҷо бинед:

Таркиш ва сӯхтор дар як НФС-и Қубодиён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд мавриди сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар расонда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.

Дар пайи чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин сохта шаванд. Сокинон мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG