Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин бо пирӯзии Норвегия ба поён мерасад


Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки 20-уми феврал дар Пекини Чин ба анҷом мерасад, баъд аз натиҷагирии понздаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 36 медал (15 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Норвегия барои рақибонаш дастнорас шуд ва ба мисли Бозиҳои зимистонаи соли 2018 дар Пёнчҳани Кореяи Ҷанубӣ (39 медал - 14 тилло, 14 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар Олимпиадаи Пекин ҳам ғолиб мешавад

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 мунтахаби Олмон бо касби 25 медал (11 тилло, 9 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми дуюмро аз они худ кардааст. Мунтахаби Чин бо касби 15 медал (9 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (8 тилло, 9 нуқра ва 7 биринҷӣ), Шветсия (8 тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ), Нидерланд (8 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), Австрия (7 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (7 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (6 тилло, 11 нуқра ва 14 биринҷӣ) ва Фаронса (5 тилло, 7 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Беларус бо ду медали нуқра дар ҷойи 24-ум, Украина бо як медали нуқра дар ҷойи 25-ум, Эстония ва Латвия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 27-ум қарор гирифтаанд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат надоранд.

Ҳамин тариқ, дар понздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 29 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 23 кишвар медали тилло ба даст овардаанд.

Дар рӯзи шонздаҳум ва охирини мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022, ки 20-уми феврал доир мегардад, варзишгарон оид ба кёрлинг, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, рақси рӯи ях ва ҳоккей (мардон, финал – Русия - Финляндия) рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG