Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари НАТО аз Русия хост, ки омодагӣ ба ҷангро "бас кунад"


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия тақозо кард, ки «омодагӣ ба ҷангро бас кунад» ва барои ҳалли бӯҳрони эҷодшуда дар Украина аз паи роҳи дипломатӣ биравад. Бӯҳрон ва таҳдид ба ҷанг баъди он эҷод шуд, ки Русия дар хати марз бо Украина беш аз 100 ҳазор нирӯяшро мустақар кард. Столбенберг бо чунин суханҳо рӯзи 19-уми феврал аз минбари Конфронси амниятии Мюнхен муроҷиат кард. Як рӯз пеш аз ин президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки «мутмаин аст» президенти Русия Владимир Путин қарори ҳуҷум ба Украинаро дар ҳафтаҳои наздик қабул кардааст. Столтенберг гуфт, дар номае ба унвонии Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия аз ӯ хост, ки ба хотири роҳ надодан ба низоъ дар Украина ба муколамаи НАТОву Шӯрои Русия ҳамроҳ шавад. Столбтенберг гуфт, ки ҳеҷ нишонаи аз марзи Украина дур шудани нирӯҳои русӣ вуҷуд надорад ва хатари сар задани ҷанг воқеӣ мебошад. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен гуфт, ки агар Маскав ба Украина ҳамла кунад, бо таҳримҳои хеле азими молӣ рӯбарӯ мешавад. Ӯ инчунин гуфт, ки ба ҳама гуна ҳолати мисли пурра қатъ шудани интиқоли гази русӣ ба Аврупо ҳам омода мебошад.

XS
SM
MD
LG