Вазорати маориф ва илми Қазоқистон аз барномаи ҳатмии мактабӣ дарси "Худшиносӣ"-ро бекор кард, ки Соро - ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев онро ҷорӣ карда буд.
Ин дарс тӯли 11 соли таҳсили мактаби миёна дар Қазоқистон таълим дода мешуд. Ҳамакнун мумкин аст, дарси мазкур ҳамагӣ 1 сол таълим дода шавад, на 11 сол.
Ин дарс дар барномаи ҳатмии мактабӣ, бо ташаббуси Соро Назарбоева, соли 2009 ҷорӣ шуд. Ҳадаф аз он "ташаккули комил, рушди маънавии инсон - шаҳрванди Олам, ки имкон дорад, донишу тавоноии худро амалӣ кунад", номида мешуд.