Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир ба ронандагони норозӣ: “Нархи иҷозатнома 84 сомонӣ аст”


Эътирози ронандагони тоҷик дар Душанбе. 22-юми сентябри соли 2021
Эътирози ронандагони тоҷик дар Душанбе. 22-юми сентябри соли 2021

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, иҷозатнома барои боркашонии байнулмилалӣ 84 сомонӣ аст, аммо баъзе идораҳо онро ба ронандагон бо нархи гаронтар мефурӯшанд.

Якбора боло рафтани нархи иҷозатнома барои боркашонӣ моҳи сентябри соли 2021 боиси эътирози ронандагон шуд. Ронандаҳо шикоят доштанд, ки иҷозатномаро бо нархи 300-400 доллар мегиранд. Ин иҷозатнома барои гузаштани онҳо аз сарҳади кишварҳои дигар зарур аст.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, рӯзи 17-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, иҷозатномаҳо ба воситаи ҷамъиятҳо ба ронандагон дастрас карда мешавад. Теъдоди ҷамъиятҳое, ки дар Тоҷикистон ба боркашонӣ машғуланд, 93 адад будааст.

Ба гуфтаи вазири нақлиёт, “шахсоне ҳастанд, ки иҷозатномаҳоро бо нархи гаронтар ба ронандагон мерасонанд ва ин амал ғайриқонунӣ аст. Дар вилоят Суғд бевосита бо ронандаҳо маҷлис гузарондем. Дар онҷо исбот кардем, ки аз кадом ҷамъият ва кӣ бевосита ин рухсатномаҳоро ба нархи гаронтар фурӯхтааст. Сари роҳи ин масъаларо мегирем,” -- ваъда дод ӯ.

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Моҳи сентябри соли гузашта даҳҳо ронандаи мошинҳои борбар, ки ба хориҷа бор бурдаву мол меоранд, дар назди Хадамоти давлатии назорату танзим ҷамъ шуда, аз афзоиши нархи иҷозатномаи сафар норозигӣ карданд. Ронандаҳо шикоят доранд, ки агар пештар аз ширкатҳо иҷозатномаро бо нархи 35-50 доллар мегирифтанд, ҳоло он камёфт шуда, нархаш то 300-400 доллар боло рафтааст.

Ҳам вазири нақлиёт ва ҳам Шералӣ Ганҷалзода, сардори Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиёт рӯзи 17-уми феврал гуфтанд, нархи иҷозатнома барои боркашонӣ 84 сомонӣ аст.

Ганҷалзода омили дигареро пеш овард ва гуфт, додани иҷозатнома аз тарафи ронанда ба тарафи сеюм манъ аст. Вале ба гуфтаи Шералӣ Ганҷалзода ҳолатҳоеро сабт карданд, ки ронандагон иҷозатномаҳо худро ба тарафи дигар мефурӯшанд. “Мо рафта, ин ҳолатҳоро ёфтем ва исбот кардем, ки иҷозатнома аз тарафи шахси сеюм фурӯхта шуда истодааст,” -- гуфт Ганҷалзода.

Мушкил дар дарёфт кардани иҷозатнома боис мешавад, ки ронандагон рӯзҳои дароз дар гузаргоҳҳои марзӣ мунтазир бимонанд.

Боркашонии байнулмилалӣ ба воситаи роҳҳои заминӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисод гуфта мешавад, вале дар гузашта нигарониҳо аз вуҷуди мушкили коғазбозӣ ё бюрократия, фасоди молӣ ва афзоиши нарх аз забони ронандаҳо садо додааст.

XS
SM
MD
LG