Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфт, барои таҳқири домулло посух мегӯӣ." Ҳабси ҷавоне бо гумони таҳдид ба Абдуқодир Талбаков. Модараш хабар надорад. ВИДЕО


Туғён Исмоилова (Акс аз РКД) ва Абдуқодир Талбаков

Раёсати корҳои дохилии Душанбе як ҷавонро бо гумони "таҳқир ва таҳдид" ба Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири китобхонаи Лоҳутии пойтахт, дастгир карда, бо гуноҳи "майдаавбошӣ" ба понздаҳ шабонарӯз ҳабс маҳкум намудааст. Талбаков бовар дорад, шарҳу баёнияҳояш дар бораи рӯҳониён ва пуштибонияш аз таърихи пешазисломии тоҷикон ба ин ҳодиса сабаб шуд. Назари ҷавони дастгиршуда ба қазия дастрас нест. Пайвандонаш дар ноҳияи Фархор гуфтанд, аз ҳодиса хабар надоранд.

“Дод зад, ки…"

Ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирди номи Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) баҳсе дар ҷараён аст. Рӯзи 15-уми феврал пулиси Душанбе Туғён Исмоилови 25-соларо бо гумони таҳқир ва таҳдид ба ӯ дастгир кард. Дар хабари пулис номе аз ҷабрдида наомадааст, аммо мудири китобхонаи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков мегӯяд, ҳодиса ба ӯ рабт дорад.

Талбаков рӯзи 16-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 14-уми феврал бо набераҳояш дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе сайругашт мекард, ки ҷавоне бо рӯйи пӯшида ба ӯ наздик шуд.

“Баробари гузаштан гуфт, ки «эй зардуштӣ» ва боз чанд ҳақорати дигар кард. Аз номи гурӯҳе ҳарф мезад. Гуфт, “дар назди мо ҷавоб мегӯӣ, барои таҳқири домулло, риши домулло". Вақте, кор ба хархаша анҷомид, дасташро ба тарафи бағалаш бурд. Фикр кардам ё корд мебарорад ё яроқ. Садо баланд кардам, ки мекушӣ, бикуш. Мардум таваҷҷуҳ карданд ва ӯ гурехт," – нақл кард Абдуқодир Талбаков.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳабси маъмурии ҷавони муттаҳам бо ҳамла ба Абдуқодир Талбаков
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00

Назари тарафи дигар ба ҳодиса маълум нест. Дар пайи ин ҳодиса Туғён Исмоилов боздошт ва барои майдаавбошӣ ба 15 рӯз зиндонӣ шуд. Пулиси Душанбе мегӯяд, воқеаро таҳқиқ мекунад, ки ин ҷавон дар ҷиноятҳои дигар даст дорад ё не. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, бе фаҳмидани назари ҳама тарафҳо қазоват кардан дар бораи қазия барвақт аст. Аз ҷумла, инки Туғён Исмоилов то куҷо дар ҳақиқат қасди куштани Абдуқодир Талбаковро дошт.

“Баъди марги падар ва бародараш асабӣ шуд”

Туғён Исмоилов, сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор аст. Наздиконаш гуфтанд, ӯ дар як сохтмон дар Душанбе кор мекард. Пайвандонаш аз ҳодисаи ахир изҳори бехабарӣ карданд.

Гулқадас Умарова, модари Туғён Исмоилов, рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи равонии писараш хуб нест. Умарова афзуд, Туғён давоми ду соли охир аввал падарашро аз даст дод ва баъд бародарашро дар Русия куштанд. “Баъди ин ҳодисаҳо барои камтар гап асабӣ мешавад. Ӯ кор карда, моро мехӯронад. Ду фарзанд дорад, ба қарибӣ фарзанди сеюмаш таваллуд мешавад,” -- афзуд Гулқадас Умарова.

“Инҳо мусалмону ман кофир?”

Навиштаҳои Абдуқодир Талбаков дар бораи рӯҳониён, дини зардуштӣ ва китоби Авесто баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Худаш мегӯяд, маҳз барои изҳори назараш дар бораи дин ҳадди ақал панҷ бор ҳадаф қарор гирифтааст. Мунтақидони Талбаков мегӯянд, ӯ дидаю дониста ба эҳсосоти динии мусалмонон нохун зада, руҳониёнро бо ибораҳое чун “ҷорӯбриш” ва “бузриш” таҳқир мекунад. Мудири китобхонаи Лоҳутӣ ин ақидаҳоро рад мекунад.

“Падарам, бобоям олими ислом. Сад хатми Қуръон дорам, муаллими форсиям. Ягона китобе, ки аз Қуръон зиёдтар дар Тоҷикистон чоп шуда буд, китоби ман аст, ки «Муъҷизаҳои Қуръон» ном дорад. Тарҷума ва таҳияи худам аст. Яъне, 40 ҳазор нусха 20 соли ахир даст ба даст рафтааст. Бо ҳамин ман кофир ва инҳо мусалмон," – мегӯяд Абдуқодир Талбаков.

“Идеологияи миллӣ вуҷуд надорад”

Қазияи ахири Абдуқодир Талбаков баҳси таҳаммулпазириро дар Тоҷикистон дигарбора доғ кард. Баъзе аз таҳлилгарон аз кам шудани таҳаммулпазирӣ дар кишвар нигаронӣ мекунанд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ, вазъро чунин шарҳ дод: “Дар гирду атрофамон ДОИШ-ӣ ва такфириҳо бисёр шуданд. ДОИШ, салафия, такфириҳо, Толибон ҳамаашон як принспип доранд, ҳар касе бо мо нест, пас зидди мост. Дар байни ҷавононон ифротгароӣ реша медавонад. Ин бисёр бад аст. Як идеологияи миллӣ барои ҷавонон пешниҳод нашуда истодааст."

Як ақида ҳам дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар боиси тундгаро шудани ҷавонон мешавад. Ҳамзамон бархӯрди ҳукумат ба мунтақидонаш ва ҳам аслҳои озодии сухан барои ҷомеа намуна медиҳад. Мақомот ҳамеша мавҷуд будани маҳдудиятҳоро рад мекунанд ва гуфтаанд, бо ифротгароӣ муборизаи беамон доранд, ҳарчанд самарбахшии ин мубориза таҳқиқ ва баррасӣ нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (33)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG