Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии номзадии Сардор Бердимуҳаммадов ба интихоботи президентии Туркманистон


Суханронии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи изтирории палатаи болоии парлумони Туркманистон
Суханронии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи изтирории палатаи болоии парлумони Туркманистон

Писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон номзади интихоботи президентии имсола шуд. Дар аввалин соатҳои шурӯи бақайдгирии номзадҳои интихоботӣ аз ҷониби Комиссиюни марказии интихоботҳо, номзадии Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола ба қайд гирифта шуд. Номзадии Сардор Бердимуҳаммадовро рӯзи 14 феврал дар анҷумани Ҳизби ҳокими демократии Туркманистон пешбарӣ карданд. Дар Туркманистон, ки як кишвари худкомаву таҳти назорат мебошад, се ҳизби сиёсӣ расман сабтином шудаанд. Се рӯз пеш аз ин президенти амалкунанда Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола ишора кард, ки ният дорад аз мақомаш канор равад.

Ду ҳизби дигари расмӣ дар Туркманистон – ҳизби кишоварзӣ ва ҳизби саноатчиёну соҳибкорон мебошанд. Дар Туркманистон, ки мақомоташ ҳеҷ гоҳ таҳаммули дигарандешиву мухолифонро надоштанд, ин ду ҳизб ҳам ба ҳукумат ва Бердимуҳаммадов содиқанд.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентии Туркманистон рӯзи 12 март барпо мешавад. Дар ин бора дар як ҷаласаи изтирории палатаи болоии парлумон худи Бердимуҳаммадов хабар дод ва ишора кард, ки ният дорад аз мақомаш канор рафта роҳро ба “раҳбарони ҷавон” боз кунад. Аксар таҳлилгарон ин изҳоротро чун нияти ба писараш вогузор кардани қудрат арзёбӣ карданд.

Сардор Бердимуҳаммадов дар мақоми муовини нахуствазир кор карда инчунин узви Шӯрои амнияти Туркманистон мебошад.

Агар Сардор Бердимуҳаммадов раҳбарии Туркманистонро ба ӯҳда гирад, ӯ аввалин писаре мешавад, ки дар як кишвари ғанӣ аз захираҳои энержӣ, вале айни замон, қашшоқу баста дар минтақаи Авруосиё қудратро аз падараш ба даст мегирад. Бердимуҳаммадов соли 2006 баъди даргузашти президенти нахустини Туркманистон Сафармурод Ниёзов сари қудрат омада буд. Дар Туркманистон, ки собиқ ҷумҳурии шӯравӣ буда, соли 1991 истиқлолияташро эълон кардааст, ҳеҷ гоҳ интихоботи озоду демократӣ баргузор нашудааст.

XS
SM
MD
LG