Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ва Зеленский дар бораи вазъи Украина чӣ гуфтанд?


Владимир Зеленский ва Ҷо Байден
Владимир Зеленский ва Ҷо Байден

Ҷо Байден, президенти Амрико ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, бо ишора ба таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз бо Украина ба аҳамияти ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли дипломатӣ таъкид кардаанд.

Ба қавли намояндагони Кохи Сафед, суҳбати телефонии ду раҳбар 13-уми феврал доир шуд.

Байден такрор кардааст, ки кишвараш аз соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии Украина пуштибонӣ мекунад. Вай афзудааст, агар Русия таҷовуз ба хоки Украинаро идома диҳад, Амрико ба он посухи фаврӣ хоҳад дод.

Дафтари матбуотии президент Зеленский гуфт, раҳбари Украина Ҷо Байденро барои боздид аз ин кишвар даъват карда, афзудааст, сафари ӯ ба Украина ба таҳкими назму суботи минтақа боис хоҳад шуд.

Кишварҳои ғарбӣ аз президенти Русия Владимир Путин тақозо кардаанд, ки дар рафъи ташаннуҷи марзӣ мусоидат кунад. Вашингтон 13-уми феврал иброз дошт, ки шумораи сарбозони рус дар марзи ин кишвар бо Украина аз 100 то 130 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Иёлоти Муттаҳида аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дархост намуд, ки дар давоми 48 соати оянда, иқдомҳои Русияро дар марз бо Украина мавриди баҳс қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG