Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши сафорати Саудӣ ба "монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон"


Ҳаҷ
Ҳаҷ

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе иддаои ситондани 500 доллар барои боҷу раводид ё визаи сафар ба ҳаҷҷи умраро рад кард. Сафорат дар вокуниш ба як матлаби Радиои Озодӣ дар бораи монеаҳои сафар ба ҳаҷҷи умра навишт, раводид ё виза ба Арабистони Саудӣ, ба хоҳишмандони сафари ҳаҷ ройгон дода мешавад.

Дар матлаби "Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон" (5 феврал) як роҳбалади ширкати "Расул-Сохтмон" иддао карда буд, дар баробари харҷҳои дигаре, ки то охири соли 2019 аз зойирон барои ҳаҷҷи умра талаб мешуд, "онҳо ҳамчунин 500 доллар барои виза ва боҷи Арабистони Саудӣ пардохт мекарданд".

Роҳбалад як сабаби болоравии нархи сафар ва мушкил шудани адои ҳаҷҷи умраро ба ҳамин рабт дода буд. Сафорати Арабистони Саудӣ дар посухи худ ба ин мақола гуфтааст, раводиди сафар ба ҳаҷҷи умра ройгон ва ба ширкатҳое дода мешавад, ки иҷозатномаи Кумитаи дини Тоҷикистонро доранд.

Дар таҳқиқоти Радиои Озодӣ гуфта шудааст, ба зудӣ ҷойи ду ширкатеро, ки хоҳишмандони зиёрати хонаи Худоро ба ҳаҷҷи умра мебурданд, як ширкати нав мегирад. Таҳлилгарон мегӯянд, мумкин аст, бо монополитар ва гаронтар шудани ин сафар имкони тоҷикистониён барои зиёрати Каъба боз ҳам маҳдудтар мешавад.

XS
SM
MD
LG