Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳқонони мунтазири ҷуброн дар Мастчоҳ ва ваъдаҳои мақомот. ВИДЕО


Садҳо тонна пахта сӯхтаву нобуд шуд.
Садҳо тонна пахта сӯхтаву нобуд шуд.

Бо гузашти бештар аз се моҳи оташсӯзӣ дар як корхонаи азими коркарди пахта дар шимоли Тоҷикистон қазияи он ниҳоӣ нашудааст. То ҳол гумонбарон ба оташ задани корхонаро наёфтаанд ва ҷуброн ба деҳқонон пардохт нагардидааст.

Қаблан пахтапарварон ба Радиои Озодӣ дар ин бора шикоят карданд ва мақомот гуфта буданд, ки комиссияи вилоятӣ сари ин масъала кор мекунад. Ҳоло Аъзам Ализода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ дигар корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияро муваззаф кардааст, ки дар сурати муроҷиати деҳқонони зарардида ба онҳо кумак кунанд, то имсол заминҳо холӣ ва беҳосил намонанд.

Пахтакорону деҳқонон мегӯянд, аз корхонаи пахтатозакунии “Музаффар Компания” наметавонанд маблағҳояшонро бозпас бигиранд. Ин корхонаи калонтарини коркарди пахта дар шимоли Тоҷикистон, ки ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дорад, субҳи 25-уми ноябри соли гузашта ба коми оташ рафт. Дар он ҳосили яксолаи садҳо деҳқонон қисман нобуд шуд.

Зиёни пахтакорон аз сӯхтор дар корхонаи пахтаи Мастчоҳ қисман ҷуброн мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Аъзам Ализода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Корхона омода аст, ки марҳила ба марҳила он зарарҳоро ба деҳқонон баргардонад. Лекин яку якбора соҳибкор ин корро карда наметавонад. Бояд гуруҳи корӣ аз ҳукумати ҷумҳурӣ барои як бори дигар таҳлил кардан биёяд, ки чӣ гуна кумак кардан ба хоҷагиҳои деҳқониро пешниҳод мекунанд. Шояд тухмии нав диҳанд ва шояд масъалаи тайёр кардани заминҳояшонро дар миён гузоранд. Ҳоло онҳо наомада аз пеш ҳеч чиз гуфта намешавад”.

Ба гуфтаи деҳқонон, соли гузашта ҳудуди 300 деҳқон ба корхона пахта супоридаанд ва вазъи ҳамаашон ҳамсон аст. Одинамаҳмад Сафаров, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Сафар Розиқ” яке аз садҳо деҳқонон аст, ки ба ин корхона 21 тонна пахта супурдааст. Ӯ чанде пеш гуфт, ки бо назардошти маблағи пешпардохтшуда тавонист, ҳамагӣ аз чор як ҳиссаи зиёнашро бигирад. Вале мегӯяд, беш аз 30 ҳазор доллари дигараш дар дасти моликони корхона аст.

Одинамаҳмад Сафаров: “Дар ҳузури раиси ноҳия ва намояндаи раиси вилоят роҳбари корхона гуфт, ки 33 фоизи зиёни шуморо медиҳам. Он ҳам дар байни ду-се соли оянда агар боз ба корхона пахта оред, ҳамроҳаш маблағатонро ҷуброн мекунем. Аз ин зиёд пардохт карда наметавонам гуфта истодааст. Раиси ҳукумат ягон чиз ваъда надодаанд ба мо ва ба прокуратура муроҷиат кардем, вале ҳоло ҷавобашро нагирифтаем”.

Моликони корхона баъди сӯхтор дар мавриди тақдири маблағҳои деҳқонон бо рӯзноманигорон суҳбат накардаанд. Мақомоти интизомии ноҳияи Мастчоҳ қаблан гуфта буданд, ки корхонаро қасдан оташ задаанд ва барои таҳқиқи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале касе бо гумони оташ задани корхона боздошт нашудааст.

Ба гуфтаи масъулони идораи оташнишонии ноҳия “зиёни корхона 46 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ба оташнишонҳо муяссар гардид, ки 1500 тойи пахтаро аз сӯхтан эмин доранд.” Як той пахта то 200 кило вазн дорад. Масоҳати сӯхтор 450 метри мураббаъ буд.

Қаблан як масъули ҳукумат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 1000 тонна пахта сӯхтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта нақшаи ҷамъоварии пахта дар ноҳия иҷро нашуд ва ба ҷойи 12,5 ҳазор гектар тақрибан 9 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ пахта кишт кардаанду тамом.

XS
SM
MD
LG